Пайвандҳои дастрасӣ

Даргириҳо дар Димишқ идома доранд


Syria -- Government soldeirs celebrate in the al-Midan area in Damascus, 20Jul2012

Syria -- Government soldeirs celebrate in the al-Midan area in Damascus, 20Jul2012

Дар Димишқ, пойтахти Сурия, бархӯрдҳо миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва мухолифини мусалалҳ идома доранд. Ба гуфтаи шоҳидон, рӯзи ҷумъа чархболҳои низомӣ ба минтақаи Саида-Зайнаб мушак андохтанд, ки мунҷар ба ҳалокати дасти кам 3 нафар шудааст.

Аз ин пеш ҳомиёни ҳуқуқи башари Сурия хабар доданд, ки рӯзи панҷшанбе дар манотиқи гуногуни кишвар беш аз 300 нафар – низомиён, ошӯбгарон ва сокинони осоишта кушта шудаанд.

Вазорати иттилои Сурия хабареро, ки гӯё раисиҷумҳур Башор Асад барои “бо шартҳои шоиставу муносиб” ба истеъфо арфтан омода аст, рад кард. Дар бораи эҳтимоли истеъфои раҳбари Сурия сафири Русия дар Порис Александр Орлов дар мусоҳиба бо радиои Фаронса ҳадс зада буд.

Дар ҳамин ҳол баъди ветои Русияву Чин ба тарҳи қатъномаи Шӯрои амнияти СММ оид ба Сурия миёни кишварҳои пешрафтаи олам таниши дипломатӣ ба вуқӯъ пайваст. Кишварҳои ғарбӣ аз мавқеи Маскаву Пекин интиқод карда, онро дар пуштибонӣ аз куштори мардуми осоишта аз сӯи сӯи ҳукумати Димишқ айбдор намуданд. Кохи Сафед изҳор намуд, ки шояд бидуни қатъномаи Шӯрои амнияти СММ фишор болои режими Башор Асадро шадидтар кунад. Виталий Чуркин, намояндаи Русия дар СММ, изҳор намуд, Маскав наметавонист санадеро бипазирад, ки дар он таҳримҳо алайҳи Сурия пешбинӣ шудааст.

Рӯзи панҷшанбе “Артиши озодихоҳи Сурия” изҳор намуд, ки гузаргоҳҳо дар марзҳои Сурия бо Ироқу Туркияро зери назорат гирифтааст.
XS
SM
MD
LG