Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷаҳон аз кайҳон сӯҳбат мекунад, мо то ҳол - аз ришу сала


Дар роҳ ба сӯи масҷид.Акс аз бойгонӣ

Дар роҳ ба сӯи масҷид.Акс аз бойгонӣ

Суръати мазҳабишавии ҷомиа дар Тоҷикистон зоҳиран кундтар шудааст.

Рӯзи 20 июл мардуми мусалмони Тоҷикистон вориди моҳи шарифи Рамазон мешаванд. Аммо фазои динии кишвар имсол дар ин моҳи рӯзаву намоз назар ба солҳои қаблӣ як каме фарқ мекунад. Ба ақидаи коршиносони масоили дин, раванди мазҳабишавии ҷомиа дар Тоҷикистон баъди чанд соли парвози пурсуръат ҳарчанд ҳанӯз пурра ист накардааст, вале зоҳиран кундтар шудааст.

“Муллобезорӣ”-и намоишӣ

Ҳудуди 4000 масҷиди панҷвақтаву ҷомеъи фаъол дар кишвар, ки дар солҳои охир барои гунҷондани намозгузорон бошитоб ба сохтани қабати дувуму севум пардохта буданд, дигар ҳатто дар рӯзҳои намози ҷумъа чунон пур нестанд, ки дар ду ё се соли пеш. Ва бахусус дар миёни қишри ҷавон ва равшанфикри ҷомиа шумори онҳое меафзояд, ки иҷтиноби худ аз адои намоз ё гирифтани рӯзаро ошкоро ба намоиш мегузоранд.

Ин ҳама, албатта, ҳанӯз чандон густарда нест, ки аз кадоми раванди шаклгирифтаи динбезорӣ дар ҷомиа дарак диҳад. Вале дар байни ҷавонони умдатан дар хориҷ таҳсилкарда ва огоҳ аз фанновариҳои муосир ва неъматҳои дунёи модерн алакай як тамойюли “муллобезорӣ” шакл мегирад. Аҳмад, як ҷавони тоҷик, ки мегӯяд, имсол рӯзаашро нахоҳад гирифт, дар ин робита ба Радиои Озодӣ гуфт: ”Муллоҳое ҳастанд, ки гапҳои беасос мезананд, исбот карда намедиҳанд гуфтаҳояшонро ва ин ҷавононро нисбат ба онҳо беэътимод мекунад. Порагирии намояндагони дин ҳам сарусадоҳое ба миён овард, ки “Воизон к-ин ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд, Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд.” Албатта, фасод ва чунин фазо ҷавононро аз онҳо дилсард мекунад.”

7 фоизи мардум ҳамоно орзуи давлати исломӣ доштааст

САҲА моҳе пеш натоиҷи назарсанҷиеро муаррифӣ кард, ки мегӯяд, 87 дарсади аҳолии Тоҷикистон аз ифротгароии исломӣ нигаронӣ дошта, беш аз нисфи ин мардум мухолифи сохтани давлати исломӣ дар ин кишвар будаанд. Танҳо 7 дарсад орзуи зиндагӣ дар давлати исломиро дошта, ҳамагӣ 30 фоизи пурсидашудаҳо гуфтаанд, ки ҷомиаи Тоҷикистон дар 10 соли охир мазҳабитар шудааст. 24 фоиз нақши Исломро бахусус дар мубориза бо фасод муҳим хонда ва ҳамагӣ 21 дарсад эътироф кардаанд, ки барои ҳалли мушкилоти худ рӯ ба дину мулло меоранд.

Ин дар ҳолест, ки бар асоси назарсанҷии ду сол пеши созмони IFES, 19 дарсад дар Тоҷикистон тарафдори нақши муҳими Ислом дар сиёсати ин кишвар буда, 62 дарсади дигар мегуфтанд, ки дин дар сиёсат бояд ба сурате ҳузур дошта бошад. Фаррух Умаров

Фаррух Умаров

Ду сол пеш танҳо 16 дарсад мухолифи додани ҷои по ба дин дар майдони сиёсат буда, вале 46 дарсад мӯътақид буданд, ки тақвияти мақоми дин дар тасмимгириҳои раҳбарон умури давлатиро беҳтар хоҳад кард.

Ба назари коршиносон, кундтар шудани суръати мазҳабишавии ҷомиа дар Тоҷикистон аз ҷумла натиҷаи иқдомоти ҷавобии давлат аст, ки бо нигаронӣ аз ин тамойюл даст ба иқдомоти превентивие, чун манъи пӯшидани ҳиҷоб дар макотибу манъи ҳузури ноболиғон дар намози масоҷид зад ва бо тақвияти салоҳиятҳои Кумитаи дин фаъолияти муасссисаҳои диниро низ зери назорати шадидтар гирифт. Аз сӯи дигар, гароиш ба дин бештар хоси ҷомиаҳои фақрзада аст ва ба таъбири маъруф, “машъуқаи рӯзи бенавоист Худо.”

Фаррух Умаров, таҳлилгари масоили дин ҳам мегӯяд, таваҷҷӯҳи бештар ба масоили иқтисодӣ низ дар амри коҳиши мизони мазҳабишавӣ коргар будааст: “Таҷрубаи таҳсили ҷавонони тоҷик дар мадрасаҳои динии хориҷӣ нишон дод, ки фақат такя ба дин барои рушди ҷомиа самарабахш нест. Аз сӯи дигар, маҳдуд шудани фаъолияти гурӯҳҳои қаблан фаъоле, чун салафиҳо ё ҳизби Таҳрир, низ созмонҳое, ки чанд сол пеш фаъол буданд, чун салафиҳо, низ шояд яке аз сабабҳои дигар сусттар шудани гароиши хусусан қишри ҷавон ба дин шуда бошад.”

Сухан дониста гӯ...

Бо лаҳни дурушт ва гоҳо ҳатто бо алфози қабеҳ аз сӯи рӯҳониёни хурофотӣ гуноҳу ҳатто куфр ҳукм шудани ҳар амали хурду резаи ғайришаръӣ, дар банди баҳсҳои қадими фиқҳие, чун тарзи адои таҳорату намоз ва хондани дуо, ё шеваи бастани саллаву ҳатмӣ будан ё набудани риш барои марди мусалмон, ё баҳси ҳуқуқи зан ва тафсири ин ҳама бар пояи ҳадису ривоятҳои ҳазору чандсад соли пеш, аз як сӯ, ва ҳамдастии бархе рӯҳониёни маъруф дар фасод, аз ҷумла дар тиҷорати корхонаҳову заминҳо ва ҳатто дар мансабфурӯшӣ як қисми мардумро аз аҳли дин мутанаффир ва каме “муллобезор” кардааст.

Фаррух Умаров мегӯяд, шумори корбарони Интернет дар Тоҷикистон аз марзи 2 миллион гузаштааст, ки аксараш ҷавононанд ва ин тоифа дигар лаҳни дурушти сӯҳбати рӯҳониёнро намебардорад.Омили дигари дилсардии қишри ҷавон аз диндорон, ба гуфтаи ин коршинос, то ҳол дар даҳони насли рӯҳонии бозмонда аз замони шӯравӣ мондани арсаи таблиғоти мазҳабист:

“Истифодаи алфози қабеҳ дар маъвизаҳо ва назари радикалӣ ба ин ё он падидаи дунявии ҷомиа мардум, бавижа ҷавононро аз дин дур мекунад. Аз ҷониби дигар, қишри рӯҳоние, ки ҳанӯз дар замони Шӯравӣ ба вуҷуд омада буд, онҳо дигар ба дили ҷавонон заданд. Чӣ раҳбарони Ҳизби наҳзати исломӣ, чӣ Ҳоҷӣ Акбари Зубайдуллоҳи Розиқ, рӯҳонии тоҷик

Зубайдуллоҳи Розиқ, рӯҳонии тоҷик

Тӯраҷонзода ё Ҳоҷӣ Мирзо. Онҳо ягон фикри нав надоранд, ки ба ҷомиа бидиҳанд. Як омил набудани рӯҳониёни насли нав бо диди нав аст. Рӯҳониёни қадиманд, ки раванди модернсозии динро дар Тоҷикистон ба душворӣ печондаанд.”

Зубайдуллоҳи Розиқ, раҳбари Шӯрои уламои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ эътироф мекунад, ки лаҳни дурушти маъвиза ва даъватҳои рӯҳониён ба мазоқи қишри ҷавон намефорад ва натиҷаи баръакс меорад. Вале ӯ мегӯяд, дилсардӣ аз ин ё он рӯҳонӣ набояд баҳонаи иҷтиноби мардуми боимон аз Ислом шавад: “Ин як баҳона аст, вагарна касе ки мусалмон асту имон дорад, на аз дуруштии мулло андеша мекунаду на аз дуруштии эшон. Мулло меъёр шуда наметавонад. Ҳақиқати Исломро набояд дар сурати як мулло ё як эшон дид. Ӯро меъёр қарор додан кори хубу дуруст нест. Меъёри мо “Қуръон” асту Паёмбар ва ҳадисҳояш. Меъёри мусалмонии мо ин ё он мулло шуда наметавонад.”

Ҷаҳонишавӣ – чолиши наве барои мазҳаб

Аҷамшоҳи Калонзод, донишманди тоҷик, ки дар Олмон дар мавзӯъи “Ифрот дар дин ва дар дунявият дар намунаи Тоҷикистон” рисолаи докторӣ менависад, мегӯяд, рӯҳониёни тоҷик дар қайди баҳсҳои хурофотӣ аз ҷаҳонишавӣ, ки як муҳаррикии бедории фикрии ҷавонони тоҷик шудааст, бехабар монданд. Ва ончӣ ки онҳо бар пояи донишҳои бозмонда аз солҳои аввали зуҳури Ислом тафсир мекунанд, ба гуфтаи ин муҳаққиқ, дигар ҷавобгӯи пурсишҳои насли нави огоҳ аз неъмату донишҳои дунёи муосир нест.

Аҷамшоҳи Калонзод меафзояд: “Як сабабе ки мардум боварҳои суннатии худро ба чолиш мекашад, ҳамин ҷаҳонишавист. Имрӯз ҷавонон ҳар масъаларо дар тарозуи ақл бармекашанд. Ва вақте онҳо маъвизаҳоро мешунаванд, мебинанд, ки ҷузъитарин масоил дар ин тарозу намегунҷад. Масалан, рӯҳониён то ҳол мегӯянд, ки касе шароб нӯшид, салом бо ӯ ҳайф аст, ё дар масъалаи ҳуқуқи зан, ки бояд аз шавҳар итоат накунад, либоси аврупоӣ пӯшад, пас ӯ мусалмон нест ва ба ҷаҳаннам меравад. Ё алфози қабеҳе, ки дар ҳаққи афроди дунявиандеш раво мебинанд, дар тарозуи ақли ин ҷавонон, ки дар дунёи модерн шакл гирифтааст, қобили қабул нест.”

Компутар барои... мулло

Ба ақидаи Аҷамшоҳи Калонзод, зарурати бознигарӣ ба бархе масоили фиқҳӣ, ки аз дарёи хурофот об мехӯрад ва посухгӯи пурсишҳо ва чолишҳои зиндагии имрӯза нест, кайҳо пеш омадааст, вале дар Тоҷикистон як насли нави рӯҳониёни донишманду огоҳ, ки битавонад ба ин чолишҳо расидагӣ кунад, ҳанӯз ба вуҷуд наомадааст: “Барои ба ин дараҷа расидан ва тарбияи фақеҳон дар ин сатҳ шароити Тоҷикистон хеле дур аст. Масалан, муҳоҷирони мо дар Русия агар бихоҳанд зани насронӣ бигиранд, ё хӯрдани гӯшти гови бо дасти насронӣ кушташуда барояшон иҷозат ҳаст ё не, суолҳое ҳастанд, ки имрӯз ба миён омадаанд ва аз рӯҳониён посухҳои модерн мехоҳанд. Барои оғози чунин кор ба фақеҳон дониши қавии муосир лозим аст. Мо ба равшанфикрони динӣ ва ислоҳталабии динӣ сахт ниёз дорем, вале муттаассифона, имрӯз дар байни равшанфикрии динӣ ба маънои томаш ҳанӯз ташаккул наёфтааст.”

Зубайдуллоҳи Розиқ мегӯяд, дар “Қуръон” ва ҳадисҳо ба масоили зиндагии имрӯза низ метавон тамоми посухҳоро ёфт, вале мушкил ин аст, ки бахши аъзами рӯҳониён дар банди қадимгароӣ монда, оёту аҳодисро дархӯри хостҳои рӯзгори муосир тафсир карда наметавонанд:

”Домуллоҳои мо бояд худро ба шеваҳои зоҳирии фиреби замон не, балки ба усулҳои пешрафти маърифати замонавӣ мувофиқ кунонанд. Баъзе муллоҳо то ҳол суханҳои хурофотиеро мебофанду нақлу афсонаҳое мекунанд, ки ба мафкураи мардуми ҷавон мувофиқат намекунад. Аз олами компутару Интернет хабар надоранд. Онҳо ба талаботи замон ҷавоб гуфта наметавонанд, ки ин сабаби нафрати мардум мешавад. Бояд сарфи назар аз синну сол рӯҳониён аз фанновариҳо ва донишҳои муосир ва бо услуби зиндагии имрӯзаи мардум бештар ошно бошанд, хубтар аст.”

Бо ин ҳол, ба бовари мусоҳибони мо, бо вуҷуди кундтар шудани суръати раванди мазҳабишавӣ, Ислом дигар дар ҷомиаи Тоҷикистон чунон реша гирифтааст, ки фишорҳои давлат шояд ҷояшро танг кунад, вале дигар аз майдон рӯфтааш наметавонад. Вале боз ҳам зарурати ислоҳот ва модернсозии дин дар Тоҷикистон ҳақиқатест, ки касе аз ин мусоҳибони мо инкораш намекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG