Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистону Афғонистон Тоҷикистонро шарики тиҷоратӣ медонанд


Покистон ва Афғонистон дар музокироти рӯзи панҷшанбе худ ба тавофуқ расидаанд, ки доираи тиҷорати транзитии минтақаро тавсеа диҳанд ва ба ин доира Тоҷикистонро низ ворид кунанд.

Дар ин бора матбуоти Покистон хабар додааст ва Кобулу Исломобод дар ин бора ҳамзамон эъломия пахш кардаанд. Нахуствазири Покистон Раҷо Парвиз Ашраф ва Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон дар мулоқоти худ бар аҳамияти ташкили ҳар чӣ зудтари тарҳи лулаи гази Туркманистон-Афғонистон-Покистон-Ҳиндустон таъкид кардаанд.

Онҳо ҳамчунин гуфтаанд, ки тарҳи CASA-1000 низ барои интиқоли нируи барқи Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон ҳамкориҳоро беҳбуд мебахшад. Покистону Афғонистон хостори сохтмони роҳи оҳани миёни ду кишвар шудаанд.
XS
SM
MD
LG