Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русияву Чин ба қатъномаи ША дар бораи Сурия вето гузоштанд


Намояндагони Русияву Чин дар ША СММ
Намояндагони Русияву Чин дар ША СММ
Чин ва Русия ба қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ вето гузоштанд. Ин қатънома бояд мӯҳлати фаъолияти нозирони СММ дар Сурияро тамдид мекард.
Ин қатънома ҳамчунин бар зидди режими Башор Асад-раиси ҷумҳури Сурия як силсила таҳримҳоро пешбинӣ мекард.

Британия пешниҳод карда буд, ки мӯҳлати фаъолияти нозирон дар Сурия як моҳи дигар тамдид шавад.

Аз сӯи дигар, гузориш мерасад, ки нируҳои мухолифи давлати Башор Асад дар ду маҳал дар наздикии марз бо Ироқ ба нируҳои давлатӣ ҳамла бурдаанд. Дар ин ҳамла 21 сарбоз кушта шудааст ва аз 4 посгоҳи аслӣ яке аз онҳо ба контроли нируҳои мухолифон даромадааст.
XS
SM
MD
LG