Пайвандҳои дастрасӣ

Бозиҳои XXX тобистонаи олимпӣ аз 27-уми июл то 12-уми августи соли равон дар Лондон баргузор хоҳанд шуд.

Лондон - пойтахти Бритониёи Кабир барои бори севум мизбонии Бозиҳои тобистонаи олимпиро ба зимма гирифтааст. Аз ин пеш Лондон солҳои 1908-ум ва 1948-ум мизбони Олимпиада буд.

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистони соҳибистиқлол аз соли 1996 ширкат меварзанд.
Дар Олимпиадаи Лондон 16 варзишгари тоҷик дар 7 риштаи варзиш – бокс, варзиши сабук, гуштии озод, дзюдо, таэквондо, тирандозӣ ва шиноварӣ рақобат хоҳанд кард.

Тақвими мусобиқоти варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Лондон:

28-уми июл
Тирандозӣ.
16.00. Сергей Бабиков (туфангча, 10 м, сабқати интихобӣ).
Бокс. 17.30. Анвар Юнусов (то 56 кг, 1/16 финал).
Бокс. 19.00. Собирҷон Назаров (то 75 кг, 1/16 финал).

30-юми июл
Дзюдо.
13.30. Расул Боқиев (то 73 кг, 1/4 финал).
Бокс. 18.45. Ҷаҳон Қурбонов (то 81 кг, 1/16 финал).

1-уми август
Дзюдо.
13.30. Парвиз Собиров (то 90 кг).

3-юми август
Варзиши сабук.
15.20. Дилшод Назаров (гурзандозӣ, сабқати интихобӣ).
Шиноварӣ. 14.00. Катерина Измайлова (50 м, тарзи озод, сабқати интихобӣ).

5-уми август
Бокс.
18.30. Мавзуна Чориева (то 60 кг, 1/8 финал).

6-уми август
Варзиши сабук.
23.20. Владислава Овчаренко (200 м, занон, даври 1-ум).

10-уми август
Таэквондо.
13.15. Фарҳод Неъматов (то 80кг, 1/8 финал).
Гуштии озод. 17.00. Николай Ноев (то 55 кг, 1/8 финал).

11-уми август
Таэквондо.
13.15. Алишер Гулов (+80 кг, 1/8 финал).
Гуштии озод. 17.30. Юсуф Абдусаломов (то 84 кг, 1/8 финал).

12-уми август
Гуштии озод.
13.00. Зелимхон Юсуфов (то 66 кг, 1/8 финал).
Гуштии озод. 13.00. Искандари Рустам (то 96 кг, 1/8 финал).

Эзоҳ: Замони оғози мусобиқот ба вақти Душанбе аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG