Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

В. Чиркин роҷеъ ба пойгоҳи низомии Русия дурӯғ гуфтааст?


Владимир Чиркин
Владимир Чиркин
Матбуоти Русия менависад, дар вазорати хориҷаи Тоҷикистон изҳороти Владимир Чиркин-фармондеҳи нируҳои пиёданизоми Русияро беасос хондаанд. Чиркин як рӯзи пеш гуфта буд, ки Тоҷикистон роҷеъ ба пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ба тавофуқ расидааст.

Вазорати хориҷаи Русия низ гуфтааст, ки музокирот идома дорад. Ба навиштаи матбуоти Русия, моҳи май Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон-руасои ҷамоҳири Русияву Тоҷикистон дар мулоқоти худ ба ниҳодҳои зидахли кишвари худ дастур додаанд, ки то моҳи ояктябри соли ҷорӣ қарордод дар бораи пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон таҳия шавад.

Ҳафтаи гузашта рӯзномаи “Коммерсант” чопи Маскав навишт, Тоҷикистон барои иҷораи ин пойгоҳ аз Русия 250 миллион доллар хостааст.
XS
SM
MD
LG