Пайвандҳои дастрасӣ

Дар як таҳқиқоти нав гуфта мешавад, ки сеяки мардуми ба балоғат расидаи рӯи олам аз нуқтаи назари ҷисмонӣ фаъол нестанд ва чунин тарзи камҳаракати ҳаёт солона ҳаёти 5 миллион нафарро аз байн мебарад, яъне мизони марги афроди камҳаракат бо мизони марги афроди сигоркаш тахминан баробар аст.
Таҳқиқот, ки дар маҷаллаи маъруфи "The Lancet," нашр шудааст, таъкид мекунад, ки дар саросари олам аз миёни даҳ шахси 15-сола ва аз он боло камаш се нафар машварати тамрини ҳафтаинаи ҷисмониро нодида мегиранд. Хуллас, дар сарои олам якуним миллиард нафар аз нуқтаи назари ҷсимонӣ фаъол нестанд.
XS
SM
MD
LG