Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муфтии Қирғизистон аризаи истеъфо навиштааст


Чӯбак-Ҳоҷӣ Ҷалилов
Чӯбак-Ҳоҷӣ Ҷалилов
Муфтии Қирғизистон Чӯбак-Ҳоҷӣ Ҷалилов, ки ба фасод муттаҳам мешуд, гуфт, барои рафтан аз мақоми раиси Шӯрои уламо аризаи истеъфо додааст. Ҷалилов бидуни ироаи ҷузъиёт ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, далели истеъфояш вазъи саломатии ӯст. Дархости ӯ бояд акнун дар Шӯрои уламо баррасӣ шавад. Чӯбак-Ҳоҷӣ Ҷалилов моҳи июли соли 2010 муфтии Қирғизистон интихоб шуда буд. Мухолифонаш ӯро ба ҳамдастӣ бо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ айбдор мекунанд ва дар авоили моҳ таҳдид карданд, ки дар ғайри сурати истеъфои Ҷалилов муфтиёти алтернативӣ хоҳанд сохт.
XS
SM
MD
LG