Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хурмои арабӣ ба рӯзадорони Тоҷикистон


Салмон Ал-Моликӣ, масъули Дафтари матбуоти сафорати Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон рӯзи душанбе 16-уми июл ба радиои "Озодӣ" иттилоъ дод, ки ба муносибати моҳи шарифи Рамазон ҳукумати Арабистони Саъудӣ ба мардуми Тоҷикистон ҳамчун кӯмаки башардӯстона 200 тонна хурмо ва биринҷу шакару равған ёрӣ расонидааст. Ин кӯмакҳо тавассути ду ҳавопаймои борбар дар нимаи дуввуми рӯзи душанбеи 16-уми июл ба Тоҷикистон ворид мешаванд. Соли гузашта низ дар остонаи моҳи Рамазон ҳукумати Арабистони Саъудӣ ба мардуми Тоҷикистон ҳудуди 200 тонна ёрии башарӣ расонида буд.
XS
SM
MD
LG