Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бомбгузории маргталабона дар Самангони Афғонистон


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, бар асари бомбгузории маргталабона дар шимоли ин кишвар камаш 17 нафар ва аз ҷумла Аҳмадхон Самангонӣ-ҷангсолор ва вакили мардумии ин кишвар ба ҳалокат расидаанд. Ҳамла дар тӯи арӯсии духтари Аҳмадхон Самангонӣ бомдоди шанбе дар Ойбак-маркази вилояти Самангон ба вуқӯъ пайваста, ба қавли мақомот бомбгузори маргталаб дар байни меҳмонон будааст.
Аҳмадхон Самангонӣ аз узбактаборони Афғонистон аст, ки ҳамчун пуштибони президенти ин кишвар Ҳомиди Карзай ва рақиби ҷангсолори дигари узбактабор генерал Абдурашид Дустум шинохта мешавад. Назар ба гузоришҳои расида дар ин бомбгузорӣ ҳамчунон раиси идораи амнияти вилояти Самангон ва фармондеҳи минтақавии артиши афғон ба қатл расидаанд. Толибон даст доштан дар ин ҳамларо рад намуда, гуфтаанд, ки шояд рақобати хусусӣ сабабгори ин ҳамла бошад.
XS
SM
MD
LG