Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фоҷиа дар Тремси Аннонро дар ҳоли шок қарор дод


Қурбониёни наслкӯшӣ дар Тремси
Қурбониёни наслкӯшӣ дар Тремси
Кофӣ Аннон, фиристодаи вижаи СММ ва Ҷомеъаи кишварҳои араб дар умури Сурия, гуфт, ки хабари наслкӯшӣ дар як деҳаи вилояти Ҳамо ӯро дар ҳоли шок қарор додааст.

Ба иттилои ҳомиёни ҳуқуқи башари Сурия, нерӯҳои ҳукуматӣ бо истифода аз тонку чархболҳои ба деҳкадаи Тремси ҳамла карданд. Ба гуфтаи онҳо, баъд аз тирборони деҳкада аъзои гурӯҳи пуштибон аз ҳукумат “Шабаҳа” ба он ҷо ворид шуда, мардумро ҳадафи тир қарор доданд. Дар ин ҳодиса тақрибан 200 нафар ба ҳалокат расиданд.

Ва аммо мақомоти Сурия гуфтанд, ки дар ин ҳодиса аз дасти гурӯҳҳои террористӣ 50 нафар ҷон бохтаанд. Ҳукумати Димишқ изҳор намуд, ки сокинони Тремси баъд аз вуруди гурӯҳи мусаллаҳ ба нерӯҳои амниятӣ муроҷиат кардаанд.

Дар ҳамин ҳол рӯзи ҷумъа эътирозгарон дар шаҳрҳои гуногуни Сурия хостори барканории Кофӣ Аннон аз мақоми фиристодаи вижаи СММ дар умури Сурия шуданд. Намоишгарон, аз ҷумла, дар шаҳри Ҳумс, изҳор намуданд, ки умедашон дар мавриди рисолати Аннон баъд аз наслкӯшии нав дар деҳаи Тремси комилан аз байн рафт.
XS
SM
MD
LG