Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико алайҳи Эрон таҳримоти нав эъмол кард


Вазорати молияи Амрико аз эъмоли таҳримоти тоза алайҳи Эрон хабар дод, ки ин таҳримот бештар аз 50 ширкату афродаи вобаста ба саноати нафту ва киштиронии Эронро ҳадаф гирифтаанд. Таҳримоти мазкур ба хотири барномаҳои баҳсбарангези атомии Эрон эъмол шудааст, то ин кишварро маҷбур кунанд, ки нозирони байналмилалиро ба таъсисоти атомиаш роҳ бидиҳад. Кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, Эрон мехоҳад силоҳи атомӣ бисозад, вале Теҳрон ин иддаъоро рад мекунад. Бар асоси таҳримоти Амрико, шаҳрвандони ин кишвар ҳақ надоранд, бо ширкатҳои таҳримшуда муомилоти молӣ кунанд. Дар миёни ниҳодҳои таҳримшуда, 11 ширкати вобаста ба вазорати дифоъ, Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон, ширкати миллии киштиронӣ ва як донишгоҳ аст. Изофа бар ин як шаҳрванди Австрия ва се эронӣ низ ба ҳамин феҳраст шомил шудаанд.
XS
SM
MD
LG