Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай гуфт, Мулло Умар метавонад биёяд, аммо...


Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, бо хитоб ба Мулло Умар, раҳбари Толибон гуфтааст, ки биёяд ва дар интихоботҳо ширкат кунад. Карзай рӯзи панҷшанбе дар шаҳри Кобул ба хабарнигорон гуфтааст: “Мулло Умар метавонад ба ҳарҷои Афғонистон, ки мехоҳад биёяд. Ӯ метавонад, барои худаш дафтар боз кунад, вале бояд силоҳро канор бигзорад.” Барои сари Мулло Умар, ки соли 2001 дар амалиёти зиддитерористӣ ба раҳбарии Амрико сарнагун шуд, ин кишвар 10 миллион доллар подош таъйин кардааст. Толибону дигар гурӯҳҳои ошӯбгар дар Афғонистон даъватҳои батакрори Ҳомиди Карзай барои хотима додан ба ҷанг дар ин кишварро рад кардаанд.
XS
SM
MD
LG