Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон акнун интернет расман контрол мешавад


Хадамоти давлатии алоқа барои бозрасии сомонаҳое, ки дар бораи Тоҷикистон менависанд, як гуруҳи бозрасӣ таъсис дод.

Бек Зуҳуров-раиси Хадамоти давлатии алоқаи Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе ба радиои Озодӣ гуфт, ин хадамот барои ҷилавгирӣ аз таҳқиру тӯҳмат ва танқидҳои беасоси шахсони маъруф ба таври расмӣ гуруҳе таъсис дод. Вазифаи ин гурӯҳ омӯзишу мутолеоти навиштаҳои сомонаҳои интернетӣ будааст.

Ин гуруҳ бо задани калидвожаҳо, масалан, ному насаби президент ва ё вазирону раисони кумитаҳо мебинад, ки кадом расона дар бораи ин афрод бо чӣ мазмун хабару мақола навиштааст. Агар гузориш танқидӣ ва беасос бошад, намояндаи ин гуруҳ метавонад аз торнамо бихоҳад, ки мақоларо ҳазф кунанд, агар не дар сурати идома ёфтани чунин ҳолатҳо дастрасӣ ба сомона қатъ хоҳад шуд.

Аъзои гурӯҳи мазкур як нафарӣ аз таҳиякунандагон хадамоти интернетӣ ва коршиносони дигар ташкил мешавад.
XS
SM
MD
LG