Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Пешрафти" нерӯҳои амниятии Афғонистон


Нерӯҳои Афғонистон рӯзи чаҳоршанбе масъулияти таъмини амнияти вилояти Қундузро бар ӯҳдаи худ гирифтанд. Нерӯҳои Байналмилалии Кӯмаки Амниятӣ ба раҳбарии НАТО ба истиснои як ноҳия масъулияти таъмини амнияти 5 ноҳияи вилоятро ба ихтиёри нерӯҳои афғон гузоштаанд. Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ, вазири умури дохилии Афғонистон зимни маросими мазкур дар фурудгоҳи Қундуз гуфт, нерӯҳои кишвараш аз ин пас, амният дар шаҳри Қундуз, ноҳияҳои Алиобод, Чордара, Қалъаи Зол, Имом Соҳиб ва Дашти Арчиро худашон таъмин мекунанд. Бо анҷоми марҳилаи саввуми ба ихтиёри нерӯҳои маҳаллӣ гузаштани таъмини амният аз дасти нерӯҳои хориҷӣ, 75 дар сади қаламрави кишвар дар ихтиёри худи нерӯҳои маҳаллӣ қарор мегирад.
XS
SM
MD
LG