Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Финали Ҷоми Тоҷикистон дар Хуҷанд ва Ҷоми олӣ дар Кӯлоб


Ҷараёни нишасти Федератсияи футболи Тоҷикистон. 10-уми июли соли 2012.
Ҷараёни нишасти Федератсияи футболи Тоҷикистон. 10-уми июли соли 2012.

Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон дар Хуҷанд ва бозӣ барои Суперкубок ё Ҷоми олии Тоҷикистон дар Кӯлоб баргузор мешаванд.

Ин тасмим дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки имрӯз, 10-уми июл, дар қароргоҳи ФФТ бо ширкати раҳбарони бошгоҳҳои футболи лигаи олии кишвар барпо гардид, гирифта шуд.

Рустами Эмомалӣ, раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон, зимни суханрониаш дар ин ҷаласа гуфт, “мо тасмим гирифтем, ки бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон имсол дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд ва бозӣ барои Суперкубок ё Ҷоми олии кишвар миёни қаҳрамон ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон дар мавсими имсола баҳори соли 2013-ум дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб баргузор шаванд. Бояд гуфт, ки бозиҳо барои мухлисон барпо мегарданд ва мо бояд хоҳиши мухлисони ҳамаи манотиқи кишварро ба ҷо оварем. Ман бовар дорам, ки Хуҷанд ва Кӯлоб метавонанд ин бозиҳоро дар сатҳи баланд доир намоянд.»

Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2012 рӯзи 5-уми октябри соли равон барпо мегардад. Бозӣ барои Ҷоми олии Тоҷикистон-2013 байни ғолиби мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии кишвар ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2012 моҳи апрели соли оянда баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG