Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зани тоҷик, кадбону ва ҳам марди хона


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар саросари олам занон дар муқоиса бо мардон аз вазъи саломатиашон камтар қаноатманд буда, аз дарди ҷисмонӣ, бемориҳо ва билохира афсурдагӣ азият мекашанд.

Назарсанҷии пажӯҳишгоҳи амрикоии Gallup дар 147 кишвари олам ошкор намудааст, ки дар муқоиса бо мардон занон беш аз ҳар ҷои дигар дар ҷамоҳири собиқ Шӯравӣ иброз доштаанд, ки ғаму андӯҳи зиёд дошта, аз мушкилиҳои марбут бо вазъи саломатӣ нигарон ҳастанд. Дар саросари олам ва аз ҷумла Амрикову Аврупо вазъи ҷисмониву равонии занон дар муқоиса бо мардон заъифтар аст.

Дар як пажӯҳиши маркази Gallup, ки рӯзи душанбе ба табъ расид, омадааст, дар кишварҳои собиқ Шӯравӣ, Покистон, Португалия ва Сенегал шумораи занони ноқаноатманд аз вазъи саломатиашон нисбат бо мардони норизо то бист дарсад бештар аст.

Аммо вақте суол дар бораи азияти ҷисмонӣ, андӯҳ ва ташвиш матраҳ шуд, ба ҷои аввал Лубнон баромад. Дар ин кишвари осиёӣ 44 дарсади занон гуфтаанд, ки ҳамин дирӯз азияти ҷисмониву андӯҳро аз сар гузаронидаанд.

Эҳтимол ҳаёти занони тоҷик ба мисли занони дигар ҷамоҳири собиқ Шӯравӣ саршор аз нигарониву азият бошад.Ҷомеашиноси тоҷик Дилором Раҳматова мегӯяд, сабаби ноқаноатмандии занони тоҷик ин аст, ки онҳо ҳам кадбонуи хона ҳастанду ва ҳам дар солҳои ахир бо афзоиши муҳоҷирати корӣ ягона масъули тарбияи фарзандон:

“Ба фикрам дар Тоҷикистон ноқаноатмандиву нигаронии занон ба вижа дар деҳот зиёд аст. Аввалан, дар деҳот занон аслан хонашин буда, ҳам кадбонуи хона ҳастанду ҳам масъули тарбияи фарзандон. Сониян, мояи нигаронӣ раванди муҳоҷирати меҳнатӣ аст, зеро то 80 дарсади муҳоҷирони корӣ мардон ҳастанд. Бо ин ҳол тамоми масъулияти пешбурди рӯзгор бар дӯши занон афтидааст.”

Суханони Дилором Раҳматоваро раиси Анҷумани миллии занони соҳибкори Тоҷикистон Гулбаҳор Маҳкамова тасдиқ мекунад. Дар як сӯҳбати телефонӣ хонум Маҳкамова аз шаҳри Хуҷанд гуфт, ки на танҳо занони деҳот, балки занони шаҳрҳо низ ба таври муназзам бо тавсеаи чорчӯби масъулиятҳо рӯ ба рӯ ҳастанд, ки ба вазъи ҷисмониву равонии онҳо таъсири манфӣ мегузорад:

“Афзоиши мизони бекорӣ дар миёни мардон занонро ба ҷустуҷӯи манбаъҳои иловагии даромад маҷбур мекунад. Занон ҳам дар хонаву полез кор мекунанду ҳам дар ҷустуҷӯи соҳибкорӣ мешаванд. Занон саъй мекунанд дар вақти холӣ боз кори иловагие ёбанду рӯзгорро пеш баранд. Ҳамин тариқ нақши занро ҳам иҷро мекунанду нақши мардро ҳам.Табиист, ки ин гуна фишори дутарафа барои саломатии занон беасар намемонад. Инро ҳам фаромӯш накунед, ки зан масъулиятиу маҳдудияти зиёд дорад. Ӯ наметавонад мисли мард хезаду гӯяд, ки ман пагоҳ барои мардикорӣ ба Русия меравам".

Дар ҳамин ҳол муаллифони пажӯҳиши Gallup таъкид кардаанд, ки дар кишварҳои африқоии атрофи биёбони Саҳрои Кабир, Африқои Шимолӣ ва Ховари Миёна шумораи занону мардони ноқаноатманд аз вазъи саломативу норизо аз фишори ҷисмониву равонӣ тахминан баробар аст, вале ин ба он маъност, ки дар ин мамолик ҳам аҳволи мардон бад асту ҳам аҳволи занон.

Мояи тааҷҷуби Gallup ин будааст, ки дар кишварҳои шабеҳи Португалия, Малта ва Ҳолланд, ки сармояи зиёдеро барои беҳдошти мардум масраф мекунанд, шумораи занони нигарону ноқаноатманд назар ба мардон хеле ҳам бештар аст.

Назархоҳии Gallup дар давоми соли 2011-ум баргузор шуда, ходимони ин муассиса бо беш аз 191 ҳазор сокини 147 кишвари олам тавассути телефон ва ё муколамаи мустақим мусоҳиба гузаронидаанд.
XS
SM
MD
LG