Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи намояндагии коллеҷи Бритониё дар Душанбе


Spinnaker College in UK
Spinnaker College in UK
Коллеҷи Спинакер (Spinnaker College) – и Бритониё – мактаби омӯзиши забони инглисӣ, дар Душанбе намояндагии худро боз мекунад.

Мушаррафа Абдуллоева, менеҷери коллеҷи мазкур ба Радиои Озодӣ гуфт, маросими расмии ифтитоҳи ин коллеҷ рӯзи 10 июл дар маҳаллаи 102 – и шаҳри Душанбе бо ширкати афроди расмӣ баргузор мешавад. Хонум Абдуллоева афзуд, таҳсил дар коллеҷ 10 моҳ аст ва таҷҳизоти дарсӣ ба хонандагон ройгон ироа мешавад. Ба қавли ӯ, солона 280 нафар аз синни 10 боло қабул мешаванд ва ҳаққи моҳонаи таҳсил 240 сомонӣ аст. Ба хонандагон устодони бритониёиву тоҷик дарс мегӯянд ва пас аз хатми таҳсил хонандагон шаҳодатнома мегиранд.

Коллеҷи Спинакер (Spinnaker College) аз мактабҳои маъруфи забони инглисӣ дар ҷаҳон маҳсуб мешавад ва дар 12 кишвари олам, аз ҷумла Эрон, Русия, Италия, Фаронса фаъолият мекунад.
XS
SM
MD
LG