Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Миср фармони Мурсиро баррасӣ мекунад


Қарор аст, имрӯз Додгоҳи Қонуни Асосии Миср, фармони раиси ҷумҳур дар бораи азсаргирии кори порлумонро баррасӣ кунад. Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури тозаинтихоб ва исломгарои Миср бар рағми амри Додгоҳи Олии ин кишвар рӯзи якшанбе фармон додааст, то замони баргузории интихобот, порлумони таҳти контроли исломгароён кори худро идома бидиҳад. Шӯрои Олии Нерӯҳои Мусаллаҳи Миср баъди ин фармон ҷаласаи изтирорӣ ташкил дод. Бино ба гузоришҳо, генералҳои мисрӣ дар ин ҷаласа, “ин фармон арзёбӣ ва паёмадҳои онро баррасӣ кардаанд. Моҳи гузашта генералҳои ҳоким бар Миср баъди ҳукми Додгоҳи Олӣ, ки гуфт, сеяки аъзои порлумон ғайриқонунӣ интихоб шудаанд, ин ниҳоди қонунгузорро пароканда карданд. Ба гуфтаи таҳлилгарон, рӯёрӯии Муҳаммад Мурсӣ ва генералҳои нерӯманд метавонад, сабаби нооромиҳои нав дар Миср шавад, ки раиси ҷумҳури пешини он Ҳуснӣ Муборакро 17 моҳ пеш аз қудрат барканор карданд.
XS
SM
MD
LG