Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Русия: "Бо Тоҷикистон ҷанҷол надорем"


Дар талоше барои фӯру нишондани танишҳо миёни ду кишвар вазорати умури хориҷии Русия, гуфтааст, музокирот дар бораи ҳузури пойгоҳи 201-ум дар Тоҷикистон бекаму кост пеш меравад. Дар шарҳи дипломати рус Александр Лукашевич, ки дар торнамои вазорати умури хориҷии Русия нашр шудааст, омадааст, ду тараф саъй доранд, созишнома дар бораи ҳузури пойгоҳ то замони муайяншуда барои имзо омода шавад, агарчӣ санае дар он зикр наёфтааст. Тайи як моҳи ахир чанде аз генералҳои рус гуфтанд, ки музокирот дар бораи тамдиди ҳузури пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон ба бунбаст ворид шудааст, зеро Душанбе шарту шароити ғайриқобили қабул ба Маскав пешниҳод кардааст. Бино ба гузоришҳо давлати Тоҷикистон мехоҳад, ки ҳузури пойгоҳи 201-ум ройгон набошад ва на 49 сол балки 10 сол тамдид шавад ва дар ивази он Русия иҷорапулӣ бипардозад. Аммо Маскав ба ин шартҳо розӣ нест ва гуфтааст, пул пардохт нахоҳад кард.Мӯҳлати ҳузури пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон соли 2014 ба поён мерасад.
XS
SM
MD
LG