Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти корманди комиссариати ҳарбии Ваҳдат барои ришваситонӣ


Раиси Комиссияи тиббӣ -даъватии назди комиссариати ҳарбии шаҳри Ваҳдат бо иттиҳоми гирифтани ришват боздошт шудааст. Маркази матбуотии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, Шамсиддин Давлатови 45 - сола, духтури ҷароҳи шӯъбаи ёрии таъҷилии беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат ва ҳам раиси Комиссияи тиббӣ - даъватии назди комисияи ҳарбии ноҳия, дар ҳамдастӣ бо бақия узви комиссия барои аз хизмати ҳарбӣ озод намудани Иброҳимзода Раҳматуллои Собирҷон, соли таваллудаш 1991, сокини ҷамоати Симиганҷ 500 доллари ИМА гирифта, ӯро аз хизмати ҳарбӣ озод намуда ва ба ӯ билети ҳарбӣ додаанд. Бино ба ин манбаъ, ин ҷиноят моҳи ноябри соли 2011 содир шуда, инак, аз сӯи мақомот фош шудааст.
XS
SM
MD
LG