Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди қурбониёни обхезӣ аз 100 нафар гузашт


Теъдоди қурбониёни обхезӣ дар минтақаи Краснодари Русия ба 103 нафар расид. Ба иттилои расмӣ, бештари қурбониён – сокинони шаҳри Кримск буданд. Дар Геленҷик ва Новороссийск ҳам бар асари офати табиӣ чанд нафар ҷон бохтанд. Обхезӣ ба тақрибан 13 ҳазор манзили зист осеб расондааст. Роҳҳо хароб ва робитаи телефонӣ маҳдуд шудааст.

Рӯзи шанбе дар Геленҷик ва Новороссийск режими вазъи фавқулодда ҷорӣ карда шуд. Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия ба минтақаи офати табиӣ наҷотбахшонро фиристод ва эълом дошт, ки дар сурати зарурат кӯдаконро аз удругоҳҳои тобистонаи Кубан ба мавзеъҳои амнтар интиқол хоҳад дод. Дар рафъи паёмадҳои офати табиӣ низомиён ширкат доранд.

Мақомоти додситонии Русия бар асари ҳалокати теъдоди зиёди одамон дар офати табиӣ тафтишоти муқаддамотиро шурӯъ кардаанд.Раиси Кумитаи тафтишотии Русия Александр Бастрикин, вазири рушди минтақаӣ Олег Говорун ва вазири ҳолатҳои изтирории Русия Владимир Пучков ба ҷойи ҳодиса рафтанд. Қарор аст, ки раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳам аз Кубан дидан кунад.
XS
SM
MD
LG