Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тадич ва Тачӣ дасти ҳамдигарро фишурданд


Борис Тадич
Борис Тадич
Борис Тадич, раисиҷумҳури пешини Сербия, нахустин сиёсатмадори воломақоми серб шуд, ки дар конфаронси байнулмилалӣ бо ширкати ҳайати Косово ширкат кард ва дасти нахуствазири Косово Ҳошим Тачиро фишурд.

Мулоқоти раҳбарони кишварҳои ҷанубу шарқи Аврупо дар шаҳри Дубровники Хорватия баргузор шуд. Мақомоти расмии Сербия аз ширкат дар ин нишаст бар асари ҳузури ҳайати Косово дар он сарпечӣ карданд.

Борис Тадич, ки баъд аз шикаст дар интихоботи ахири раёсатҷумҳурии Сербия раиси ҳизби демократ боқӣ мемонад, барои саҳмгузорӣ дар ҳалли, ба гуфтаи ӯ, мушкили Косово, изҳори омодагӣ намуд. Замони сарвари Сербия будан Тадич аз ҳама гуна робита бо сиёсатмадорони Косово парҳез мекард.

Эътидоли равобит миёни Белград ва Пришина – яке аз шартҳои асосии шурӯъи музокирот оид ба вуруди Сербия ба Иттиҳодияи Аврупо маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG