Пайвандҳои дастрасӣ

Афзоиши теъдоди қурбониёни обхезӣ дар Краснодар


Теъдоди қурбониёни обхезӣ дар минтақаи Краснодари Русия ба 46 нафар расид. Ба иттилои раёсати минтақаии вазорати умури дохилии Русия, дар шаҳри Кримск 35 нафар, дар Геленҷик 9 тан ва дар шаҳри Новороссийск 2 каси дигар ба ҳалокат расидаанд. Обхезӣ ба тақрибан 13 ҳазор манзили зист осеб расондааст. Роҳҳо хароб ва робитаи телефонӣ маҳдуд шудааст.

Дар Геленҷик ва Новороссийск вазъи фавқулодда эълон шуд. Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия ба минтақаи офати табиӣ наҷотбахшонро фиристод ва эълом дошт, ки дар сурати зарурат кӯдаконро аз удругоҳҳои тобистонаи Кубан ба мавзеъҳои амнтар интиқол хоҳад дод.

Дар рафъи паёмадҳои офати табиӣ низомиён ширкат доранд.
XS
SM
MD
LG