Пайвандҳои дастрасӣ

Афғонистон расман ҳампаймони ИМА эълон шуд


Ҳилларӣ Клинтон дар Кобул

Ҳилларӣ Клинтон дар Кобул

Афғонистон расман мақоми ҳампаймони ИМА миёни кишварҳои берун аз НАТО-ро соҳиб шуд. Дар ин бора Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии ИМА баъд аз вурудаш ба Кобул изҳорот дод.

Бори ахир соли 2004 ИМА аз шумули кишварҳое, ки узви Паймони НАТО нестанд, Покистонро ҳампаймони худ эълон карда буд.

Мақоми ҳампаймонии Афғонистон як бахши Созиш дар бораи ҳамкориҳои стратегӣ миёни ИМА ва Афғонистон аст, ки ибтидои моҳи май зери он раисиҷумҳури ИМА Барак Обама ва ҳамтои афғонаш Ҳомид Карзай имзо гузоштанд.

Ба гуфтаи сиёсатшиносон, мақоми нави Кобул, аз ҷумла, барои харидории тавлидоти низомии ИМА аз сӯи Афғонистон имкон фароҳам меоварад.

Ҳилларӣ Клинтон, ки ахиран бо як сафари ғайримунтазира вориди Афғонистон шуд, имрӯз бо Ҳомид Карзай гуфтушунид мекунад.
XS
SM
MD
LG