Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон ду озариро бо ҷосусӣ муттаҳам мекунад


 Шоирони озарӣ Шаҳриёр Ҳоҷизода ва Фарид Ҳусейнов, ки дар Эрон боздошт шудаанд
Шоирони озарӣ Шаҳриёр Ҳоҷизода ва Фарид Ҳусейнов, ки дар Эрон боздошт шудаанд
Ба қавли телевизиони англисзабони Press TV-и Эрон мақомоти ин кишвар ду шаҳрванди Озарбойҷонро, ки бо ҷосусӣ муттаҳам мебошанд, бозпурсӣ кардаанд. Ба иддаои Press TV озариҳои муттаҳам: Шаҳриёр Ҳоҷизода ва Фарид Ҳусейнов бо ҳадафи басиҷи дигарандешон барои пешбурди ғояҳои ҷудоихоҳӣ ба Эрон сафар кардаанд. Ҳамин манбаъ меафзояд, ки ин ду озарӣ дар моҳи май боздошт шуда буданд. Телевизиони эронӣ ҳамчунон иддао мекунад, ки муттаҳамҳо бо хадамоти амниятии Озарбойҷон иртибот доштаанду зери пӯшиши фаъолиятҳои фарҳангӣ вориди хоки Эрон шуда буданд. Чанде пеш Озарбойҷон Эронро бо тарҳрезии ҳамлаҳои террористӣ дар шаҳри Боку муттаҳам карда, 22 нафарро бо иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи Эрон ба ҳабс гирифт. Дар пайи он равобити миёни ду кишвар дар як идда масъалаҳо бо ташаннуҷ рӯ ба рӯ шудааст. Ҳамчунон беҳбуди равобити Озарбойҷон бо Исроил боиси нороҳатии Эрон аст.
XS
SM
MD
LG