Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳе дар шаҳри Нюренберги Олмон Аваз Назаров, тоҷири тоҷикистонӣ ва раиси пешини ширкати «Ансол»-ро раҳо кардааст.

Як манбаи наздик ба ин тоҷири тоҷик таъйид кард, ки додгоҳ иттиҳомоти ворида алайҳи ӯро нокофӣ хонда ва ба ин далел қарори озодии ӯро содир кардааст. Боздошти ин тоҷирони тоҷикистонӣ дар Олмон бо дархости Додситонии кулли Русия дар авоили баҳори соли ҷорӣ сурат гирифта буд.

Мақомоти тафтишотии Русия Аваз Назаровро аз рӯи чанд моддаи қонуни кайфарии ин кишвар, аз ҷумла аз рӯи моддаи 159, қисми 4 яъне қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон муттаҳам хонда ва алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Бар пояи иттиллои расонаҳо, дастури боздошт ва ба ҳабс кашидани Аваз Назаров аз тарафи додгоҳи шаҳри Твери Русия содир шуда ва амалиёти боздошти ӯ аз сӯи ходимони интизомии Олмон ҳамроҳ бо «Интерпол» - пулиси байналмилал сурат гирифтааст.

Аз соли 2004 аз замоне, ки ҳамкории ширкати «Ансол» бо корхонаи тавлиди алюминийи Тоҷикистон қатъ гардид, Аваз Назаров дар ҳоли фирор ба сар мебурд. Зеро мақомоти Тоҷикистон ӯро дар аз худ кардани маблағҳои корхонаи тавлиди алюминиум аз роҳи фиреб муқассир хонда ва ӯро мавриди ҷустуҷӯ қарор доданд.

Ба навбати худ Аваз Назаров ин корхона ва аз ҷумла баъзе аз масъулони давлати Тоҷикистонро дар нақзи муқаррароти тиҷоратӣ айбдор карда ва алайҳи онҳо ба додгоҳе дар Лондон шикоят бурд.

Хабарҳо ҳокист, ки ҷониби Тоҷикистон барои харҷи адвокатҳои худ дар ин мурофиа беш аз 100 миллион доллар масраф кардааст. Дар додгоҳи шаҳри Лондон баъди панҷ соли баҳсу даъво миёни ширкати «Ансол» ва корхонаи алюминиум, тарафҳо ба созиш расида ва аз даъво алайҳи ҳам даст кашиданд.

Гуфта мешавад иллати ба оштӣ расидани ҷонибҳо ин будааст, ки дар пайи даъвои ширкати «Ансол» додгоҳ ба ин натиҷа расида буд, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон низ бояд ба унвони шоҳид даъват шавад. Бо ин ҳама Аваз Назаров дар ин чанд соли ахир дар шаҳри Лондон ба сар мебарад.

Аваз Назаров, муҳандис-иқтисодчӣ, зодаи шаҳри Турсунзода буда, яке аз афроди сарватманди Тоҷикистон дониста мешавад. Вай дар моҳи апрепли соли ҷорӣ ба ҳангоми сафараш дар Олмон дастгир шуда ва чанд муддате дар боздоштгоҳ ба сар мебурд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG