Пайвандҳои дастрасӣ

Русия гуфт, ки то рушан шудани сарнавишти пойгоҳи худ дар Тоҷикистон аз маблағгузорӣ ба он худдорӣ мекунад.

Тибқи иттиллои расонаҳои русӣ, генерали артиш Николай Макаров, Сардори Сарситоди Нерӯҳои мусаллаҳи Русия гуфтааст, то замоне, ки музокироти идомаи ҳузури ин пойгоҳ баъди соли 2014 дар қаламрави Тоҷикистон бо ин шакл идома меёбад, масъалаи сармоягузорӣ ба он низ номаълум боқӣ хоҳад монд.

«Раванди музокирот дар бораи ин пойгоҳ бо мушкилӣ пеш меравад. Вале мо мутмаинем, ки дар охири кор ақли солим боло хоҳад гирифт».

Ин генерали рус ёдовар шудааст, ки байни ду кишвари Русия ва Тоҷикистон мувофиқа ҳосил шуда буд, ки сарнавишти баъдии пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ рӯшан мешавад.

«Мутаассифона ин кор сурат нагирифт. Тоҷикистон сари мавқеи худ пофишорӣ дорад ва аз ин ҷиҳат мо маҷбурем, ки барои ин пойгоҳ, то замоне, ки вазъият муайян нашавад, маблағгузориро қатъ намоем."

Давлати Тоҷикистон ва Русия дар соли 2004 дар мавриди ҳузури пойгоҳи Русия барои то даҳ сол созишнома имзо карда буданд. Аммо ҳамакнун сарнавишти ин пойгоҳ баъди соли 2014 ба далели онки Русия мехоҳад барои 49 сол созишнома имзо кунад ва Тоҷикистон на бештар аз даҳ сол, норӯшан боқӣ мондааст.

Гуфта мешавад пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон, ки дар заминаи фирқаи 201-и ин кишвар ташкил шудааст, бузургтарин пойгоҳи ҳарбии Русия дар хориҷи ин кишвар ба ҳисоб меравад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG