Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шиканҷа ба сисёсати давлатии Сурия табдил шудааст


Шиканҷа дар Сурия
Шиканҷа дар Сурия
Human Rights Watch ё Дидбони Ҳуқуқи Башар мегӯяд, азияту озор ва шиканҷаҳои дардовари шаҳрвандон ба сиёсати давлатии Сурия табдил ёфтааст. Дар гузорише, ки рӯзи сешанбе ба чоп расид, ин созмон гуфтааст, шиканҷа дар Сурия ба ҷинояти зидди башарӣ мубаддал шудааст ва Додгоҳи байналмиллалии ҷурму ҷиноёт бояд ба он расидагӣ кунад.

Дидбони Ҳуқуқи Башар мегӯяд, ки дар қаламрави Сурия 27 боздоштгоҳ ошкор шудааст ва онҳо дар ихтиёри нируҳои кашфи ин кишвар қарор доранд.
XS
SM
MD
LG