Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаи ҳастаии Теҳрон дар Туркия баҳс мешавад


Салҷуқ Унал-сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Туркия
Салҷуқ Унал-сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Туркия
Ҳукумати Туркия мегӯяд, рӯзи сешанбе дар Истанбул кишварҳои абарқудрат бо Эрон музокироти барномаи ҳастаии Теҳронро давом медиҳанд. Салҷуқ Унал-сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Туркия иброз доштааст, ки табиати ин музокирот техникӣ хоҳад буд. Ӯ афзудааст, ҷонибҳо имкони азсаргирии музокироти васеъмиқёсро баррасӣ мекунанд. Чанде пеш панҷ узви доимии СММ: Британия, Чин, Фаронса, Русия ва ИМА ҳамроҳ бо Олмон, ки ба истилоҳи гурӯҳи 5+1 маъруф мебошанд, дар Маскав бо ҳайати Эрон барномаи ҳастаии ҷумҳурии исломиро мавриди музокирот қарор доданд. Нишасти Маскав ба натиҷае нарасид, вале ҷонибҳо мувофиқат карданд, ки дар Истанбул вохӯранд. Кишварҳои абарқудрат хавф доранд, ки барномаи ҳастаии Теҳрон ҳадафҳои пинҳонии низомӣ дорад. Вале мақомоти Эрон мегӯянд, барномаи ҳастаии Теҳрон ҳадафҳои осоишта дорад.
XS
SM
MD
LG