Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи мунтахаби футболи Испания барои чаҳор соли дигар унвони қаҳрамони Аврупоро ҳифз намуд.

Бозии ниҳоии ҷоми Аврупо 2012 дар варзишгоҳи шаҳри Киев дар ҳузури 70 ҳазор бинанда бо ҳуҷумҳои пай дар пайи мунтахаби Испания оғоз ёфт. Ҳисобро ҳамлагари Испания Давид Силва дар дақиқаи 14-ум кушод. Сипас дар дақиқаи 41-уми қисмати аввали қуваозмоӣ муҳофизатгари Испания Хордӣ Алба тӯби дуюмро ба ҳадаф расонд. Дар дақиқаи 84-уми бозӣ ҳамлагари дигари Испания Фернандо Торрес бори сеюм ва дар дақиқаи 88-ум Хуан Мата ба дарвозаи Италия боз ду голи дигар зада, собит карданд, ки феълан Испания беҳтарин дастаи Аврупост.

Испания барои дуввумин бор пай дар пай унвони қаҳрамони Аврупоро соҳиб шуд.

Испания барои дуввумин бор пай дар пай унвони қаҳрамони Аврупоро соҳиб шуд.

Ҷои ёдоварист, ки ин дуюм қуваозмоии Испания ва Италия дар чемпионати имсолаи Аврупо мебошад. Ду даста дар як гурӯҳ буданду бозии онҳо бо ҳисоби 1 бар 1 ба анҷом расида буд.

Дар поёни бозӣ Мишел Платинӣ-раиси Иттиҳодияи Футболи Аврупо (UEFA) ҷоми аврупоро ба Испания тақдим кард.

Рӯзи якшанбе Платинӣ иброз дошт, ки Украина ва Полша ё худ Лаҳистон мизбонии Ҷоми Аврупо 2012-ро хеле хуб ташкил намудаанд.

Ҳамчунон рӯзи якшанбе дар нишасти матбуотии кишварҳои мизбони Ҷоми Аврупо 2012 дар Киев президенти Украина Виктор Янукович гуфт, ки ду кишвар таҷрибаи муштаракан доир намудани мусобиқаҳои байналмилалиро аз худ карданд: “Ман бовар дорам, ки таҷрибаи ҳосилнамудаи мо дар оянда барои ёфтани роҳҳалҳои муштарак ва баҳри расидан ба натиҷаи мусбат кумак мерасонад”.

Президенти Полша Бронислав Коморовский дар ҷавоб гуфт, ки евро 2012 пирӯзии ҳар ду кишвар аст: “Сарфи назар аз он, ки на Украина ва на Полша дар бозии ниҳоии иштирок накардаанд, як чиз ошкор аст, ки евро 2012 бо пирӯзии Украина ва Полша ба анҷом расид.”

Миллионҳо нафар аз мухлисони футбол дар саросари дунё ин бозиро пайгирӣ намуданд.

Миллионҳо нафар аз мухлисони футбол дар саросари дунё ин бозиро пайгирӣ намуданд.

Аммо ҳабси собиқ сарвазири Украина хонум Юлия Тимошенко рӯи ин мусобиқа соя гузошту сиёсатмадорони чандин кишвари аврупоӣ чемпионтаи Аврупоро бойкот карданд.

Дар ҳамин ҳол ҳамроҳ бо сарвазирони Италияву Испания ҳадди ақалл панҷ раҳбари ҷамоҳири собиқ шӯравӣ: президентҳои Беларус, Молдова, Арманистон, Гурҷистон ва Тоҷикистон барои тамошои финали Ҷоми Аврупо ба Киев сафар карданд.

Дар ин боздид Эмомалӣ Раҳмонро мушовири давлатии президент дар умури сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, мушовири давлатии президент оид ба сиёсати кадрҳо Абдуҷаббор Азизов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маликшо Неъматов ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG