Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Ренессанс-Капитал» ба додгоҳ шикоят бурдааст


Исмоил Раҷабов, сарвари ширкати «Ренессанс-Капитал» аз қарори додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ба додгоҳи шаҳри Душанбе шикоят бурдааст. Шӯҳрат Қудратов, вакили дифоъи ҷониби абйдоршаванда гуфт, ин шикояти кассатсионӣ аст ва пас аз баррасӣ дар додгоҳи шаҳрӣ боз ба додгоҳи ноҳия боз хоҳад гашт.

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ дар ибтидои моҳи равон мақолаи хабарнигори «Азия плюс» Хайрулло Мирсаидов ва ҳуқуқшиноси ширкати эронии «Витана» Хайрулло Ҳусайнов – «Хешовандони афроди мӯътабар (“Родственники уважаемых людей”)-ро барои арзёбии забонӣ ба Институти забон ва адабиёт фиристода буд. Дар ин мақола «Ренессанс-Капитал» дар ғасби рейдерии моликияти ширкати эронии «Витана» муттаҳам мешавад.

Исмоил Раҷабов, ки дар гузашта дар расонаҳо ҷияни Муродалӣ Алимардон, муовини нахуствазири Тоҷикистон муаррифӣ шудааст, моҳи майи соли равон аз муаллифон ба додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ шикоят бурда, хоста буд, ки онҳоро аз рӯи моддаи 135, қисми 3 – тӯҳмати кас дар ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин гунаҳкор донад. Ин модда аз 3 то 5 соли маҳрумият аз озодиро пешбинӣ мекунад.

Дар мақолаи «Хешовандони афроди мӯътабар», ки моҳи апрели соли 2011 дар нашрияи «Азия-плюс» чоп шудааст, омадааст, ки ширкати «Ренессанс-Капитал» бо ғасби рейдерии моликият машғул аст, аммо мақомоти зидахл, аз ҷумла Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ба далели ба «хешовандони афроди мӯътабар» рабт доштани ин ширкат, аз фаъолиятҳои ғайриқонунии он чашм мепӯшанд.

Моҳи апрели соли гузашта сарвари вақти Бонки миллии Тоҷикистон ба хабарнигорон гуфта буд, ки Додгоҳи олии иқтисодӣ бо қароре ҳисобҳои бонкӣ ва дигар маболиғи ширкати «Ренесанс-капитал» - ро бар пояи шикояти як нафар баста буд. Ин қарор пас аз нашри мақолаи «Хешовандони афроди мӯътабар» қабул шудааст.
XS
SM
MD
LG