Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири пешини нафти Миср ба 15 соли зиндон маҳкум шуд


Додгоҳи Миср вазири саноати нафт дар ҳукумати Ҳуснӣ Муборакро бо иттиҳоми фасод ба 15 соли маҳбас маҳкум кард.

Вазири собиқ Самеъ Фаҳмӣ ва тоҷир Ҳусейн Салим дар хисорот ба иқтисоди Миср айбдор шуданд – тафтишот муқаррар кард, ки онҳо газро ба Исроил бо қимати пойинтар аз нархри ҷаҳонӣ мефурӯхтанд.

Ҳукми Ҳусейн Салим дар ғайбаш эълон шуд – ӯ айни ҳол дар як боздоштгоҳ дар Испания ба сар мебарад. Тоҷири нафт баъд аз як соли тарки Миср бо иттиҳоми фирор аз додгоҳ дастгир шуд.
XS
SM
MD
LG