Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Испания ба даври ниҳоии Евро-2012 роҳ ёфт


Дастаи Испания ба даври ниҳоии қаҳрамонии футболи Аврупо роҳ ёфт. Дар даври ниманиҳоӣ, ки дар шаҳри Донетски Украина баргузор шуд, ин даста аз болои дастаи Португалия бо ҳисоби 4 бар 2 пирӯз шуд.

Қисмҳои асосӣ ва иловагии бозӣ бо ҳисоби сифр бар сифр поён ёфтанд. Зарбаҳо аз ёздаҳ метрро футболбозони дастаи Испания бештар ба нишон расонданд.

Имрӯз дар бозии дигари ниманиҳоӣ дастаҳои Олмон ва Италия барои дарёфти роҳхати дуввум ба бозии ниҳоии Евро-2012 мубориза мебаранд.

Бозии ниҳоӣ рӯзи якшанбе дар шаҳри Киев баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG