Пайвандҳои дастрасӣ

Амри ғайримуқаррарии ҳукумати Узбакистон


Мақомоти Узбакистон раводиди хуруҷ барои сафари шаҳрвандонаш ба Тоҷикистону Туркманистонро аз нав эҳё кардаанд, ки ин корро талоше барои камтар кардани сафари узбакистониҳо ба ин ду кишвар хондаанд. Ҳеҷ касе аз мақомоти расмии Узбакистон сабабҳои ин амалро шарҳ надодааст, вале Узбакистон солҳост, ки бо Тоҷикистон муносибати сарде дорад. Расонаҳои давлатии Узбакистон мегӯянд, дарёфти раводиди хуруҷ барои сафар аз якуми июн ҳатмӣ шудааст. Дар Узбакистон мисли замони Шӯравӣ бояд барои сафар ба хориҷ иҷозаи мақомоти расмиро бигиранд, аммо ин муқаррарот барои сафар ба кишварҳои Шӯравии собиқ, аз ҷумла Тоҷикистону Туркманистон лағв шуда буд.
XS
SM
MD
LG