Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Генерал Ҷон Аллен роҳии Покистон шудааст


Ҷон Аллен, раҳбари нерӯҳои ба раҳбарии НАТО дар Афғонистон, роҳии Покистон шудааст, то масъалаи дубора боз кардани роҳҳои таъминоти нерӯҳои НАТО дар Афғонистонро бо мақомоти он кишвар баррасӣ кунад. Интизор меравад, Ҷон Аллен дар мулоқот бо генерал Ашфақ Каёнӣ, фармондеҳи артиши Покистон ҳамчунин нигарониҳои рӯзафзун аз шабакаи Ҳаққониро паноҳбурда дар Покистонро иброз кунад, ки ин шабакаро масъули ҳамлаҳо ба нерӯҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ дар Афғонистон медонанд. Ҳамлаи ҳафтаи гузашта ба як меҳмонхона дар Кобулро кори дасти ҳамин шабака медонанд, ки дар ҷараёни он 20 нафар кушта шуданд. Баъди ҳалокати 24 сарбози покистонӣ дар як ҳамлаи НАТО дар моҳи ноябри соли гузашта, Покистон роҳҳои таъминоти нерӯҳои НАТО дар Афғонистон баст. Вашингтон талаби Покистон барои узрхоҳӣ барои ин ҳамларо рад кардааст.
XS
SM
MD
LG