Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаластин аз Русия хостори кӯмак шуд


Владимир Путин ва Маҳмуд Аббос
Владимир Путин ва Маҳмуд Аббос
Маҳмуд Аббос-раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин аз Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия, ки машғули боздид аз кишварҳои Ховари Миёна аст, хостааст, ки ба оғози дубораи музокироти миёни Исроилу Фаластин кӯмак кунад. Путин ва Аббос ҳангоми таваққуфи мухтасари Путин дар Каронаи Ғарбии рӯди Урдун мулоқот карданд.

Путин рӯзи душанбе барои музокира бо раҳбарони Исроил аз Байтулмуқаддас боздид кард. Путин аз амалиёти якҷониба ҳушдор дод, вале дар бораи он, ки бо ин гуфтаҳо чӣ мехоҳад, тавзеҳот надод.

25 сол пеш Маскав истиқлоли Фаластинро ба расмият шинохта буд.
XS
SM
MD
LG