Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе рамзи "Ваҳдат" мегузоранд


Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон
Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки бояд дар Душанбе хиёбоне бо номи Ваҳдати миллӣ номгузорӣ ва дар он рамзи ваҳдат гузошта шавад.
Вай ин пешниҳодро зимни суханони худ дар маросими расмии баргузории Рӯзи Ваҳдат ва 15-ӯмин солгарди имзои тавофуқоти сулҳи тоҷикон матраҳ кард. Оқои Раҳмон гуфт:

“Эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд аз ҳар як шаҳрванди мамлакат риояи ҳатмии қонун, эҳтироми қонуният, таъмини волоияти қонун ва хулоса дар чаҳорчӯбаи қонун зистан ва фаъолият карданро талаб мекунад”.

Дар ин маросим намояндагони илмиву фарҳангӣ ва мақомоти расмии давлат ширкат доштанд.

Оқои Раҳмон афзуд, ҳоло дар ҷомеаи Тоҷикистон калимаҳое аз қабили оппозитсия ё мухолифин тақрибан аз ёдҳо рафтааст.
XS
SM
MD
LG