Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марг ба хотири нӯшидани алкоҳол дар Эрон


Belarus -- vodka, alcohol drinks in Vitebsk market, 05Oct2011
Belarus -- vodka, alcohol drinks in Vitebsk market, 05Oct2011
Расонаҳои эронӣ навиштаанд, ки дар ин кишвар ду нафар бо ҷурми нӯшидани машруботи алкоҳолӣ ба марг маҳкум шудаанд. Дар сӯҳбат бо хабарнигорони маҳаллӣ Ҳасан Шариатӣ-раиси додгоҳи вилояти шимолу шарқии Хуросонӣ Разавӣ, гуфтааст, ки дар гузашта ду нафари маҳкумшуда ду дафъа бо нӯшидани машрубот дастгир шуда буданд ва ҳар яке ба 80 шаллоқ муҷозот шуда буданд. Дар Эрон нӯшидани машруботи алкоҳолӣ манъ мебошад, вале ёфтани алкоҳол дар бозори сиёҳ имконпазир аст. Дар Эрон фақат ақаллияти пайрав аз дини насронӣ дар иртибот бо қонуни алкоҳол мавриди истисно қарор гирифтааст.
XS
SM
MD
LG