Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Евро-2012: Дастаи Италия ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт


Дастаи Италия баъд аз пирӯзӣ аз болои тими Англия ба даври ниманиҳоии Ҷоми Аврупо оид ба футбол роҳ ёфт.

Дар қисмҳои асосӣ ва иловагии бозӣ ба ягон даста муваффақ нашуд, ки ба дарвозаи ҳариф гол зад. Дар зарбаҳо аз ёздаҳ метр бахт ба рӯи футболбозони Италия хандид ва онҳо бо ҳисоби 4 бар 2 пирӯз шуданд.

Акнун дастаҳои Италияву Олмон ва Испанияву Португалия барои роҳхат ба даври ниҳоӣ мубориза мебаранд. Бозии ниҳоии Евро-2012 дар шаҳри Киев баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG