Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳама чашмҳо ба сӯи шаҳри Донетски Украина


Дар идомаи мусобиқоти қаҳрамони футболи Аврупо, имрӯз тими миллии Фаронса қаҳрамони собиқи ҷаҳон ва Аврупо дар футбол имрӯз бо тими бомаҳорати дигари Аврупо Испониё дар шаҳри Донетски Украина ба майдон мераванд. Испониё дар шаш бозие, ки то кунун бо Фаронса доштааст, бохтааст ва бохти ахираш ҳам соли 2006 дар мусобиқоти Ҷоми Ҷаҳонии Футбол буд. Ғолиби ин рақобат бо дастаи Португалия бозӣ хоҳад кард. Рӯзи ҷумъа дар шаҳри Гданск, Олмон тими Юнонро бо ҳисоби 4 бар 2 шикаст дод. Олмон, ки се маротиба қаҳрамони футболи Аврупо шудааст, дар бозии чаҳорякниҳоӣ бо оне бозӣ хоҳад кард, аз бозии Англия ва Итолиё пирӯз берун ояд.
XS
SM
MD
LG