Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи Толибон ба осоишгоҳе дар наздикии Кобул


Обанбори Қарға

Обанбори Қарға

Пулиси Афғонистон мегӯяд, шӯришиёни Толиб ба меҳмонсарои осоишгоҳи машҳури наздикии Кобул бо номи банди Қарға ҳамла бурдаанд. Пулис мегӯяд, афроди мусаллаҳи Толибон вориди меҳмонсарои Спужмай ё Маҳтоб шудаанд, Онҳо бо рокетандоз ва бамҳои дастӣ мусаллаҳ будаанд ва нируҳои амниятии Афғонистон бо онҳо вориди задухӯрд шудаанд. Ин ҳамла талафоти ҷонӣ ба бор овардааст ва чанд нафар гаравгон гирифта шудаанд. Банди Қарға ё обанбори Қарға дар 10 километрии шаҳри Кобул ҷойгир аст. Толибони Афғонистон масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда гирифтаанд ва гуфтаанд, ки афғонҳои пулдор ва хориҷиён дар остонаи рӯзи ҷумъа ин маҳалро барои тафреҳу саргармиҳои худ истифода кардаанд.
XS
SM
MD
LG