Пайвандҳои дастрасӣ

Ташаббуси нави Карзай дар мубориза бо фасод


Президенти Афғонистон аснои сӯҳбат дар парламенти ин кишвар

Президенти Афғонистон аснои сӯҳбат дар парламенти ин кишвар

Президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай аз қонунгузорони афғон ва созмонҳои байналмилалӣ бори дигар даъват кардааст, ки бар зидди фасод дар Афғонистон қиём намоянд.
Рӯзи панҷшанбе дар Кобул дар паёме ба вакилони парламенти Афғонистон Карзай гуфт, ӯ бар зидди фасод зиёд талош кардааст, вале ба хотири решакан намудани ришвахорӣ ташаббуси тамоми аъзои ҳукумати кишвар зарур аст. Бо ин ҳадаф президенти Афғонистон пешниҳод кард, ки аз ин ба баъд ИМА аз имзои созиш бо ширкатҳои хусусие, ки зери раҳбарии мансабдорони афғон мебошанд, худдорӣ варзад.
Раҳбари афғон борҳо ваъда додааст, ки фасодро решакан мекунад, вале шореҳон таъкид мекунанд, ки ин ташаббусҳо натиҷаи назаррас наовардаанд.
XS
SM
MD
LG