Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ барои баргардонидани паноҳҷӯён Қазоқистонро маҳкум кард


Кумитаи зидди шиканҷаи СММ рӯзи чаҳоршанбе гуфт, Қазоқистон ӯҳдадориҳои байналмиллалии худро иҷро накардааст ва 29 нафар паноҳҷӯёни Узбакистонро ба ватанашон баргардонидааст, бо вуҷуди он ки хатари боздошт ва шиканҷаи онҳо дар Узбакистон вуҷуд дошт.

Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, 29 нафар, ки аз онҳо ду нафарашон тоҷиктаборанд, узви гурӯҳи террористӣ мебошанд ва Қазоқистон бо фиристодани онҳо ба ватанашон дархости Узбакистонро иҷро кардааст. Аксари онҳо баъд аз бозгашт боздошт ва зиндонӣ шудаанд.

Кумитаи зидди шиканҷаи СММ аз Қазоқистон тақозо кардааст, ки ба ин 29 нафар ҷубронпулӣ пардохт кунад ва онҳоро дубора ба Қазоқистон баргардонад.
XS
SM
MD
LG