Пайвандҳои дастрасӣ

Дирӯз дар Сурия 52 нафар кушта шудаанд


Рӯзи душанбе дар Сурия дар даргириҳои муссалаҳона дастикам 52 нафар кушта шудаанд. Дар ин бора фаъолони ҳуқуқи башари Сурия, ки марказаш дар Лондон аст, хабар дод. Нируҳои давлатӣ дар Димишқу Ҳумс ба мавозеи мухолифон ҳамла бурдаанд. Дар вилояти Даръо нируҳои давлатӣ ба шаҳри Тафас ҳамла кардаанд. Баъзе аз қисматҳои ин шаҳр дар дасти мухолифон қарор дорад.
XS
SM
MD
LG