Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Масъулини ҳукумати Тоҷикистон бо мақомоти Қирғизистон оид ба истифодаи сокинони деҳоти наздимарзӣ аз пули воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва оби наҳри вилояти Бодканд музокира хоҳанд кард.

Дар ҷаласаи комиссияи байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба тиҷорату савдо дар шаҳри Бишкек, намояндаи мақомоти Суғд аз ҷониби қирғиз дархост хоҳад кард, ки барои корбурди канали об байни ду деҳаи наздимарзии Суғд тавассути қаламраваш иҷоза диҳад. Бар иваз Тоҷикистон ризоят медиҳад қирғизҳо аз пули нав бар болои рӯди Овчӣ - Қалъача, ки аз қаламрави Тоҷикистон ду маҳали наздимарзии қирғизро пайваст мекунад, истифода кунанд.

Сокинони оддии маҳалҳои наздимарзии Суғду Бодканд ва мақомот мегӯянд, аз ҷаласаи Бишкек барои ҳалли ҳамин гуна мушкилоти худ умед бастаанд.
Ғиёсидин Эҳсонов, намояндаи вилояти Суғди Тоҷикистон дар вилояти Бодканди Қирғизистон дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, намояндаи Суғд дар ин ҷаласа ба ҳалли мушкили сокинони ду деҳаи наздимарзии Исфара саъй хоҳад кард.

Ғиёсиддин Эҳсонов гуфт, «аз Ҷумъабой Раҳматов, муовини аввали раиси вилояти Суғд, ки дар ин ҷаласа иштирок мекунанд, матраҳ кардани масъалаи истифодаи бемамониати наҳри нав байни деҳаи Сурх ва шаҳраки Шӯроби ноҳияи Исфараро дархост кардем. Чунки ин наҳр аз хоки деҳаи Самарқандаки Қирғизистон мегузарад. Оби наҳри пештара, ки аз сӯи деҳаи Ворух меояд, аз чанд деҳаҳои қирғизӣ гузашта, то Шӯроб хушк мешавад».

Мусоҳибам афзуд, ба иваз Тоҷикистон пули нав бар болои рӯди Овчӣ - Қалъача дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҳаммарз бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистонро, ки аз қаламрави Тоҷикистон ду маҳали наздимарзии қирғизро бо роҳи наздик ба ҳам пайваст мекунад, дар истифодаи якҷоя бо қирғизҳо мегузорад.

Ҷаласаи дурӯзаи комиссияи муштараки тиҷорату савдои Тоҷикистону Қирғизистон, ки субҳи имрӯз дар шаҳри Бишкек оғоз ёфт, мавзӯъҳои ҳамкориҳои судманди дуҷонибаро баррасӣ ва роҳҳалли мушкилоти ҳамдигарро ҷустуҷӯ хоҳад кард.

Ҳайати Тоҷикистонро дар ин нишаст Низом Ҳакимов, вазири нақлиёти кишвар раҳбарӣ мекунад. Эҳтимол аз он ки назорат аз равуои нақлиёти борбари хориҷӣ, аз ҷумла нақлиёти Қирғизистон ба Тоҷикистонро ҳамин ниҳод ба ӯҳда бигирад.

Марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон боз ва рафтуомади шаҳрвандону нақлиёт ба қаламравҳои ҳамдигар бе раводид ва бо тартиби сода сурат мегирад. Аммо ба гуфтаи сокинон, боз ҳам мушкилоте барои тиҷорати озодона дар бозорҳои наздимарзӣ вуҷуд дорад. Насиба ном як зани қирғиз дар як мусоҳиба бо радиои "Озодӣ" дар ин бора чунин гуфт, «василаи зиндагии мо аз фурӯши биринҷамон аст. Аз Бодканд ба бозори Исфара оварда, болояш 20 - 30 дирам монда мефурӯшем. Аммо дар роҳ сарбозону афсарҳо автомобил ё автобуси моро нигаҳ медоранд, борамонро такурӯ карда, санад мепурсанд. То пул надиҳем, сар намедиҳанд».

Мусоҳибам афзуд, дар ҳоле ки ҷонибҳои тоҷику қирғиз ба гузари нақлиёти хусусии ҳамдигар, танҳо бо нишон додани шиноснома ва шаҳодатномаи ронандагӣ иҷозат додаанд, ин ҳол ба рушди тиҷорати деҳқонони наздимарзӣ монеа месозад.
Ва боиси норизоӣ ва гоҳе муноқишаи сокинон мегардад.

Моҳи феврали соли равон дар натиҷаи ҳамин гуна муноқиша як афсари қирғиз дар назди деҳаи наздимарзии Самарқандак ба ҳалокат расид. Он афсар автомобилеро, ки ронандааш тоҷику ҳамроҳаш қирғиз буд ва аз Бодканд ба Исфара ангишт меоварданд, рухсати гузар надод ва шаҳрванди қирғиз ба афсари кишвараш корд зад.

Як таксирони тоҷик аз шаҳри Исфара ҳам аз мушкили роҳ шикоят мекунад, аммо мухотаби вай – ҷониби Бодканд аст: Ӯ мегӯяд, «агар баногоҳ шиноснома дар хона фаромӯш шуда бошад, аз посгоҳи қирғиз гузаштан намемонанд. Дар Бодканд ҳам ГАИ ҳуҷҷат мепурсад ва мегӯяд, чаро омадӣ ?».

Сокинон мегӯянд, мулоқоту ҷаласаҳои намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳалли бисёр мушкили онҳо судманд будааст. Масалан, соли гузашта ба думболи муроҷиати намояндагии иқтисодии Бодканд ҳукумати Тоҷикистон маблағеро, ки аз нақлиёти боркашони қирғиз «барои муоинаи бори онҳо» ситонида мешуд, 15 доллар аз ҳар нақлиёт, бекор кард.

Зимнан, бино ба омори расмӣ, гардиши мол миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар чор моҳи аввали соли равон назар ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 90 дарсад зиёд гашта, ба 15 миллион доллари амрикоӣ баробар шудааст.
Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марзи муштарак дорад, ки ҳудуди 50 дарсади он, наздик ба 270 километр дар қисмати Суғд муайян ва нишонгузорӣ нашудааст.
XS
SM
MD
LG