Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳушдори Ихвонулмуслимин аз "рӯзҳои душвор дар Миср"


Ихвонулмуслимин ҳушдор додааст, ки Миср “ба рӯзҳои мушкил рӯ ба рӯ хоҳад шуд”. Ин дар ҳолест, ки Додгоҳи Қонуни Асосӣ порламони тозаинтихобро пароканда кард. Дар ин порламон исломиҳо аксариятро ташкил медоданд. Абдул Абдул Мотӣ-намояндаи Муҳаммад Мурсӣ дар нтихобот гуфт:

“Ин тасмим барои мо ва бароии ҳамаи мисриён зарбаест. Ҳеҷ як аз онҳо узви режими қаблӣ набуданд. Ин зарба барои ҳамаи мисриён аст”.

Аъзои Додгоҳи Қонуни Асосиро Ҳуснӣ Муборак қабл аз истеъфояш аз мақоми раёсати ҷумҳурӣ таъйин карда буд. Додгоҳ ҳамчунин тасмим гирифтааст, ки Аҳмад Шафиқ-нахуствазири давраи Муборак ҳақ надорад муборизаро барои дарёфти мақоми раёсати ҷумҳурӣ идома диҳад. Рӯзи шанбе даври дуввуми интихобот бо ширкати Аҳмад Шафиқ ва Муҳаммад Мурсӣ-намояндаи Ихвонулмуслимин оғоз мешавад.
XS
SM
MD
LG