Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши Амрико ба ҳукми додгоҳи Миср


Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико, гуфт, кишвараш интизор дорад, ки низомиёни ҳоким ба Миср, гузариши демократии қудрат ба дасти ҳукумати ғайринизомиро идома хоҳанд дод. Хонум Клинтон дар шаҳри Вашингтон гуфт, “ҳеҷ роҳи бозгашт аз гузариши демократӣ нест, ки мардуми Миср онро хостаанд.” Ӯ афзуд: "Саранҷом, таъйини сарнавишти ояндаи Миср ба дасти худи мисриҳо аст ва мо интизор дорем, ки интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар охири ҳафта дар фазои сулҳу оромӣ ва озоду одилона баргузор мешавад.“ Вазири умури хориҷии Амрико дар ин бора баъди он сухан гуфт, Додгоҳи Олии Миср рӯзи панҷшанбе ҳукм кард, ки порлумони ба раҳбарии исломгароён дар кишвар пароканда карда шавад. Додгоҳ ҳамчунин ба Аҳмад Шафиқ, нахуствазири собиқи аҳди Ҳуснӣ Муборак ҳақ дод, ки дар даври дуввуми интихобот дар рӯзи шанбе ширкат кунад. Сиёсатмадорони исломгаро, ҳукми додгоҳро, “табаддулот” хонданд ва садҳо нафар дар майдони Таҳрир дар маркази Қоҳира ҷамъ омада ва алайҳи ин ҳукм ва Аҳмад Шафиқ шиор доданд.
XS
SM
MD
LG