Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамроҳхон Зарифӣ ба Кобул рафт


Ҳамрохон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбеи 13-уми июн ҷиҳати анҷоми як сафари корӣ вориди Кобул, пойтахти Афғонистон шудааст. Тибқи иттиллои дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ дар ҷараёни ин сафар дар кори конфаронси байналмилалӣ бахшида ба авзои Афғонистон ширкат хоҳад кард. Гуфта мешавад, дар кори ин конфронс намояндагон аз 15 кишвари олам ва 10 созмони мӯътабари байналмилалӣ ба мисли СММ, САҲА ва НАТО иштирок мекунанд.

Қарор аст, ин конфаронс рӯзи 14-уми июн дар доираи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои «Қалби Осиё» баргузор шавад. Дар кишварҳои «Қалби Осиё» Чин, Тоҷикистон, Узбакистон, Туркманистон, Эрон, Покистон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркия, Арабистони Саудӣ ва Аморати Муттаҳидаи Араб шомил мешаванд. Дар кори конфронси байналмилалӣ дар Кобул муовини аввали вазири умури хориҷии Амрико Уилям Бернс ҳайати ин кишварро роҳбарӣ хоҳад кард.

Интизор меравад, дар ин конфронс консепсия ё барномаи нави ҳамкории минтақаии кишварҳои «Қалби Осиё» баррасӣ ва қабул карда шавад. Зимнан, барои баргузории босамари ин конфронс дар ду навбат 29-уми феврал дар худи Кобул ва 18-уми апрел дар Ишқобод ҷаласаҳои омодагӣ сурат гирифта буд.
XS
SM
MD
LG