Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бархӯрди мухлисон. Тасодуф ё ихтилофи дерина?


Бар асари бархӯрдҳои миёни ҳаводорони футболи Русияву Лаҳистон камаш 15 нафар захм бардоштаву 140 нафар боздошт шудаанд.

Қуваозмоии Лаҳистон (Полша) бо Русия, ки шоми 12-уми июн дар Варшава доир шуд, бо ҳисоби мусовии 1 бар 1 ба анҷом расида, посухи суол дар бораи дастаҳои нокому пирӯзи гурӯҳи "А"-ро беҷавоб боқӣ гузошт. Дар дақиқаи 37-уми қисми аввал ҳуҷумкунанда ё худ форварди Русия, Алан Дзагоев, ҳисобро кушоду дар ибтидои қисмати дуюми бозӣ ҳуҷумкунандаи мизбонони майдон - Якуб Блашковский ҳисобро баробар кард.

Қабл аз ин бозӣ қувваозмоии дастаҳои Ҷумҳурии Чех ва Юнон бо ҳисоби 2 бар 1 ба фоидаи чехҳо хотима ёфта буд. Ҳамин тариқ, ду дастаи пирӯзи гурӯҳи "А" дар ҳунарнамоии даври сеюми Ҷоми Аврупо 2012-ум, яъне дар қувваозмоии Русия бо Юнон ва Полша бо Ҷумҳурии Чех муайян хоҳад шуд. Ҳоло Русия бо чор имтиёз дар ҷои аввал, Ҷумҳурии Чех бо се имтиёз дар ҷои дуюм, Полша бо ду имтиёз дар ҷои сеюм ва Юнон бо як имтиёз баъд аз ду ҳунарнамоӣ дар мақоми чорум қарор доранд.

Пеш аз бозӣ чандин бархӯрд миёни ҳаводорони футболи ду даста ба қайд гирифта шуд, вале аз он ҷое, ки рӯзи 12-уми июн Русия ҷашни истиқлол дошт, мақомоти Варшава иҷоза доданд, ки ҳаводорони футболи Русия дар роҳ ба варзишгоҳ раҳпаймоӣ баргузор кунанд. Дар навбати худ масъулони ҳаводорони футболи Русия ваъда доданд, ки раҳпаймоӣ сиёсӣ нахоҳад буд.



Сарфи назар аз нияти неки масъулон ихтилофи деринаи лаҳистониён бо Русия боло гирифту боиси хушунат гашт. Бар асари бархӯрдҳои миёни ҳаводорони футболи ду кишвар дар Варшава камаш 15 нафар захм бардоштаву 140 каси дигар бо айбномаи ширкат дар нооромиҳо боздошт шудаанд.

Ба қавли шоҳидон пулис раҳпаймоии русҳоро печонида имкон намедод, ки ҳаводорони футболи Полша ба онҳо наздик шаванд, вале вақте издиҳом ба пули рӯди Вистула наздик шуд, ҷавонони маҳаллӣ бо дашномҳои қабеҳ садди пулисро рахна намуда, болои ҳаводорони футболи Русия ҳамла карданд. Бархӯрдҳои ҳаводорони маҳаллӣ бо пулис дар дигар минтақаҳои пойтахти Полша ва ҳатто дар ҷараёни қуваозмоӣ ҷой доштанд.

Аммо баъд аз бозӣ ҳаводорони футболи ҳар ду даста ба ваҷҳи умум, қаноатманд буданд. Як лаҳистонӣ аз ҷумла гуфт: "Дар арафаи қувваозмоӣ фазо муташанниҷ буд, зеро бархӯрдҳо ба вуқӯъ пайвастанд, вале ҳозир ҳама чиз хуб аст. Натиҷа хуб аст ва мо бояд барои убур ба даври дигар мубориза барем."

Ҳамин гуна як ҳаводори дастаи футболи Русия низ ба қабули мизбонон баҳои баланд дод: “Ҳар кас меҳмондории хуб нишон медиҳад. Ҳар кас, албатта, тарафдори дастаи худаш аст, вале бо дигарон муносибати дӯстона дорад. Мо ҳама ба таври хос аз дастаҳоямон пуштибонӣ мекунем.” Рӯзи шанбе, ба истилоҳ, интригаи гурӯҳи "А" ба анҷом мерасаду ду даста роҳхат ба хунарнамоии чорякниҳоии Ҷоми Аврупоро дастрас хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG